Маҷлиси КИВ ҲХДТ баргузор гардид

IMG_9030

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Рузи гузашта Маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он аъзои КИ ҲХДТ, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ, вакилон, раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ роҳбарони ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар масъулони ҳизбӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода маҷлисро оғоз намуда, аъзои котиботи маҷлисро эълон кард ва аз ҷониби аъзои кумиҷроия тасдиқ карда шуд. Сипас, рўзномаи маҷлис иборат аз панҷ масъала тасдиқ гардид. Масъалаи аввали маҷлис вазифаҳои сохторҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд. Дастур дода шуд, ки масъулон бо истифода аз олимону зиёиён ва шахсиятҳои шинохта шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишварро ба роҳ монанд. Инчунин, дар татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру вазифаҳои Паём тадбир андешанд. Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Раиси КИВ ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода гузориш дода, гуфт, ки соли 2017 52 ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуда, шумораи аъзо 8353 нафар зиёд гардид. Шумораи умумии аъзои ҳизб 127996 нафарро ташкил дод, ки назар ба соли пешин хеле зиёд аст. Ин сол аз сол нуфузи бештар пайдо кардани ҲХДТ-ро бозгў мекунад. Ҳизби мо бо роҳбарии Раиси муаззам, Пешвои миллат мўҳтарам ЭмомалӣIMG_9082 Раҳмон фаъолияти назаррасу созандаро пеш гирифта, ба дастовардҳои намоён ноил гардидааст. Ин аст, ки эътибори он миёни халқ афзуда, мардум дар симои ҲХДТ такягоҳи боэътимоди худро мебинанд, зикр намуд Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ.Вай аз дастгириҳои иҷтимоии КИВ ёдовар шуд, ки танҳо моҳи Рамазони соли гузашта зиёда аз 15 000 нафар ниёзмандон аёдат карда шуданд. Зимни аксияи “Роҳ ба сўи мактаб” соли 2017 зиёда аз 7000 нафар хонандагон бо сарулибос ва лавозимоти хониш таъмин карда шуданд. Дар баробари ин, соли равон фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии КИВ мароми тоза гирифта, садҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва адабиву маърифатӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз 22-декабри соли 2016 зиёда аз 750 вохўриву мулоқотҳо бо фарогирии табақаҳои мухталифи ҷомеа ташкил карда шуданд. Сарфароз Фаттоҳзода супориш дод, ки дар ин самт соли 2018 низ бояд фаъолиятро тақвият бахшид. Зеро Паёми имсолаи Президенти кишвар фарогири самтҳои муҳими ҷомеа буда, барои дар амал татбиқ шудани он ҳизбиён ва ҷонибдорони мо бояд талоши бештар дошта бошанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои IMG_9115мардумӣ эълон шудани соли 2018 пеш аз ҳама ба тарғибу ташвиқи ин соҳот ниёз дорад. Умуман, тарғиби нуктаҳои муҳими Паём дар фаъолияти мо бояд афзалият дошта бошад, таъкид шуд дар маҷлис. Аз рўи рўзномаи маҷлис, инчунин, масъалаҳои тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2018 КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷамъбасти маъракаи “Обуна-2018” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ ва аз ҷониби аъзои раёсат қарорҳои дахлдор тасдиқ гардиданд.  Аъзо Қарори Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ бинобар расидан ба нафақа аз вазифаи муовини Раиси Кумиҷроия озод намудани Анвар Ҷалиловро низ тасдиқ намуд. Анвар Ҷалилов аз соли 1997 инҷониб дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ фаъолият намуда, дар пешрафти кори он саҳми намоён дорад, таъкид шуд, дар маҷлис.  Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ барои соли 2018 вазифагузориҳо шуд. Аз ҷумла, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногун, нақши пурсамар дар равандҳои ҷомеа, мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамкорӣ бо муҳоҷирон, беҳбуд бахшидани сифати аъзо аз вазифаҳои мушаххасе мебошанд. Ҳаминтариқ, аз рўи масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, маҷлиси КИВ ҲХДТ ҷамъбаст шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>