Паём- раҳнамои фардо

АШТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо мақсади фаҳмонидани мазмуну мундариҷаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  маҷлисгоҳи ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Кони-Намак» бо кормандони корхона, собиқадорони ҳизб ва аҳолии шаҳраки А.Каримови ҷамоати деҳоти Меҳробод мулоқот баргузор намуд. Чорабиниро ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Кони-Намак» Равзалиев З оғоз намуда аз нуқтаҳои асосии Паём ёдрас гардид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмонов Ш дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки аз Паёми мазкур гуфта гузашт. Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарафманди он ба сӯи оянадаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар вохӯрии мазкур асосан омилҳои асосии Паём ва натиҷаю вазифагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуд. Дар охир кормандони фаъоли корхона Талабова Э, Турсунбоев Д. ва Негматова Р.  фикру андешаҳои худро оиди Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>