Паём раҳнамои зиндагии шоиста

ШАҲРИСТОН. Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  бо аъзоёни фаъоли аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидои Бураген бо иштироки  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодири Рустам мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Примқулова З вохӯри баргузор гардид. Вохӯрии мазкур асосан сухан дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ ҳамчун дастури амал ва барномаи фаъолияти кории тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва мақомоту сохторҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар он дастовардҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳлилу барраси гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, вазифаҳои навбатӣ барои оянда ва дурнамои мамлакат муайян карда шуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи  имкониятҳои сайёҳии мамалакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори  сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. “Аз мо танҳо, зарур аст, ки ин инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад”, таъкид намудаи Сарвари давлатро гуфта гузашт. Аъзоёни фаъоли  ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии Бураген дар ноҳияи Шаҳристон Паёми навбатиро бо мароқ тамошо намуда, баҳри амалӣ гаштани вазифаҳои гузошташуда ва иҷрои  дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамчун хизматчиёни давлатӣ бо масъулиятӣ баландӣ шаҳрвандӣ ҷаҳду талош менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>