Паём – раҳнамои зиндагии шоиста

СПИТАМЕН. Дар асоси нақшаи тасдиқ гардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен субҳи имруз дар деҳаи дурдасти Куруш, дар пояи ташкилоти ибтидоии «Куруш», вохӯрӣ бо иштироки зиёда аз 60 нафар сокинони кору касбашон гуногун, ҷиҳати омузиши нуктаҳои пурмуҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  баргузор гардид. Вохуриро шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Куруш» Қӯчқорова М ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сухани аввал, барои фаҳмонидани нуктаҳои Паём, ба раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ О.Насруллоев дода шуд. О.Насруллоев баромадашро бо чунин суханҳо  -    Пешвои миллат, сухани аввалинро дар Паёми навбатиаш бо қадамҳои устувор пеш рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ ифтитоҳ дод. Аз Паём то Паём ҳамасола мо эҳсос мекунем, ки таъкиду тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ шуда зиндагии халқ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда дар ҳама гушаву канори Тоҷикистон, аз он ҷумла ноҳияи мо корҳои ободониву бунёдкорӣ созандагиву навоварӣ бо авҷи тоза пеш рафта истодааст. Паёми Пешвои миллат – дастури раҳнамои ояндасоз мебошад. Пешвои миллат, дар Паёми худ, нишондиҳандаи рушди неруи инсониро бо се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ нишон доданд. Самтҳое, ки фардои дурахшони моро инъикос кардааст. Дар Паём суханҳо суханҳои саршор аз меҳр гуфта шудааст. Боварии комил дорем, ки ҳар як фарди ин сарзамини биҳиштосо, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода баҳри амалигардонии он софдилона меҳнат менамоянд. Зимни суханронӣ, раиси кумитаи иҷроия ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ посух дод.  Сипас, намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, мутахассиси омор Обидҷонова Фарзона, баромад намуда оиди ҷамъбасти соли ҷавонон маъруза намуд. Қайд намуд, ки дар Соли ҷавонон сафи ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон зиёд гаштааст.   Дар фарҷоми вохурӣ, барои 5 нафар мутахассисони ҷавону фаъоли МТМУ №6, барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.  Чунин силсила вохӯриҳо оиди омузиши Паёми навбатии Пешвои миллат дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>