Мизи мудаввар доир гардид

ҶАББОР РАСУЛОВ. Субҳи имрӯз дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов миззи мудаввар дар мавзӯи: «Паём-раҳнамои рушди ҷомеа» бо иштироки аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид.  Ҷамъомадро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам кушода, чунин иброз намуд: Дар ҷамъбасти ҳар соли сипаришуда ва оғози соли навин ба парламенти кишвар ва дар симои он, ба тамоми халқи мамлакати худ Паёми солона ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Ироаи Паём аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва шоҳроҳи ояндаи кишвар мустақилона муайян мешавад, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллии мо ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии  мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне ин Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми неки насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Баъдан раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Бойтемиров Мавлон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Шерзод Набиев ба сухан баромада, оиди муҳтавои асосии Паёми Сарвари давлат ибрози андеша намуданд. Дар охир гуфта шуд, ки: Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон, ки 22 декабри соли 2017 баргузор гардид, иброз намуданд, ки: «Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат Пешвои миллат соли 2017 — ро Соли ҷавонон эълон намуда будем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>