Маҷлиси умумӣ доир гардид

ИСФАРА. Рӯзи гузашта маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” дар шаҳри Исфара баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои “Ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” дар соли 2017”, “Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017”, “Тасдиқи нақшаи фаъолият барои соли 2018”, “Қабул ба сафи ҳизб”  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷлис мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқ Фирӯза Раҳимӣ, аъзои Шӯрои занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устоди Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.Осимӣ , номзади илмҳои педагогӣ Хайриниссо Темурова ва раиси Шӯрои занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Алиматова Меҳри Абдуллоевна иштирок доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Бобоева Гулрабо Ваққосовна оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” дар соли 2017 маълумот дода, вазифаҳоро барои соли 2018 муайян намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ф.Раҳимӣ ва устоди Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Х.Темурова дар бораи нуқтаҳои асосии Паём маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Т.Юнусова дар баромади худ аризаи 31 нафар ҷавонони ватандӯсту меҳанпарастро, ки ба номи раиси ташкилоти ибтидоӣ бобати қабул ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд пешниҳод намуд. Дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби меҳмонон ба як зумра ҷавонон, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохил шудаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд. Донишҷӯи бахши дуюми коллеҷи тиббӣ Ш.Насриддинова барои шароити муҳайёшуда ба ҷавонон дар Соли ҷавонон ва таъмини босуботи насли наврас ба таҳсил ва фаъолият, баланд бардоштани стипендияҳо изҳори миннатдорӣ баён кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>