Пеш аз навиштан андеша бояд кард….

pero

АНДЕША. Дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент 75 ташкилотҳои ибтидоӣ  мавҷуд мебошад, ки дар он 12060 нафар аъзои ҳизбро сарҷамъ намудааст. Кор дар ташкилотҳои ибтидоӣ аз рӯи талаботи оиннома  ба роҳ монда шудааст. Соли 2017 ташкилотҳои ибтидоӣ бо роҳбарии раиси  КИ ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар гузаронидани чашнҳои таърихи 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз  ва Соли Ҷавонон  дар асоси нақшаи чорабиниҳои хеле муфид доир намуданд. Иҷрои  нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» бо дастгирӣ ва ҳамкории раисони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо ва  ташкилотҳои ибтидоӣ  пеш аз мӯҳлат иҷро карда шуд. Чун анъана дар соли 2017 аз тарафи раиси кумиҷроияи шаҳри як қатор чорабиниҳо, аксияҳо  аёдати оилаҳои ниёзманд, аёдати сарбозон дар вилояти Хатлон ва дар шаҳри Панҷакент  ба роҳ монда  шуда буд, ки хеле хотирмон буданд. ҲХДТ ҳамеша мадагори мардум аст. Соли 2017 Кумиҷроияи шаҳру ниҳияҳои вилояти Суғд бо сарварии Сарфароз Фаттоҳзода барои зарадидагони офати табии деҳаи Амондара барои сохтмони як хонаи истиқомати 50 ҳазор сомони кӯмак расониданд. Дар ин қатор кумиҷроияи шаҳри Панҷакент низ мададгори онҳо буд. Бо маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва ашёи рӯзгор кӯмак намудаанд. Мо кормандон аз фаъолияти корибарии  раиси кумиҷроия  қаноатманд ҳастем. Мурод Шукурзода шахси ботаҷриба донишманд ва дар кори худ масъулятшинос  мебошад. Дар муддати ин се соли фаъолият раиси кумиҷроия дар кумиҷроияи шаҳрӣ воҳидҳои кори бо зиёд намуда  ҷалби ахолӣ ва зиёд намудани аъзои ҲХДТ, шароитҳои хуби кори барои кормандон муҳаё сохт.  Аёдати аскарон дар қисмҳои низомӣ  ҳарсол мо доир мегардад.  Ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода бо мақомоти иҷроияи шаҳр, воҳидҳои сохторӣ ва мақомотҳо хуб аст. Аммо, он маводҳое, ки дар сомонаҳои электоронӣ чоп шудаанд, ғаразнок буда, асоси воқеъи надорад.Агар Шумо як бор ба кумиҷроия омада бо раиси кумиҷроия сӯҳбат кунед.  Ҳайф ба ту нависанда ки  аз берун истода шаъну шарафи ҲХДТ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва кормандоро пас мезанӣ. Ту бояд аввал бо кормандони кумиҷроия ҳамсӯҳбат мешуди андешаат тамоман дигар мешуд. Мо кормандон мехоҳем, ки ин тӯҳмате, ки нисбати раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода шудааст аз ВАО бардошта шавад мо намегузорем, ки обрӯи ҲХДТ ва кумиҷроияи шаҳр паст шавад. Инсон бе камбудӣ нест. Дар куҷое, ки кор ҳаст камбудӣ мешавад. Мо аммо бояд ҳақгӯ ва ҳақиқатҷӯй бошем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>