Чаро мо ҳақнигор нестем

АНДЕША. Маводи ба таъб расидаро дар сомонаи электронӣ хонда хеле ба андеша рафтам, ки чаро мо ин қадар ноҷавонмард, нотавонбин ва ғаразҳое дорем нисбати ҳамдигар. Дар як ватани осудаю обод умр ба сар мебарему ба ҳам меҳр надорем. М. Шукурзодаро ҳамчун собиқ корманди дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент хеле хуб мешиносам. Як ҷавон дар чил сол ба воя мерасад мегуянд. Шукурзода Мурод то  ба ин дараҷаҳо расидан афту хези хеле зиёд дошт. Ӯ инсони ҳалим, хоксор, меҳрубон, ботаҷриба, ташкилотчӣ ва фаъоли корҳои ҷамъиятӣ аст. Пеш аз ҳама масъулиятшинос. Даврае, ки ӯ ба кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба кор омад барояш як мактаби дигар шуд. Ӯ корро аз он рӯзе, ки сар кард, дар андешаи беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ дар кумиҷроия, балантар бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаву хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Кормандони хубро дар атрофи худ ҷамъ намуда барои онҳо шароити хуби корӣ фароҳам овард. Бо дастгирии раиси шаҳр кумиҷроияро соҳиби бинои корӣ намуда, аз таъмири асоси баровард. Маводҳои тарғиботӣ насб шуданд. Ҳизбро дар байни мардум зиёдтар муаррифӣ намуд. Нақлиёти хизматии кӯҳнаю фарсудаи идораро ба роҳ даровард, то ба ташкилотҳои ибтидоӣ рафту омад осон шавад. Пеш аз ҳама ба назди мардум ба ташкилотҳо рафт. Бо ташкилотҳои ибтидоӣ корро пурзӯр намуд. Аз обрую эътибори ҲХДТ,мавқеи созандагию бунёдкоронаи он, тақкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳарф зад. Тарафдорони ҲХДТ афзуд. Мардуми зиёд ба узвияти ҲХДТ қабул шуданд.  М. Шукурзода якҷоя бо фаъолони ҳизб ба назди беморон, шахсони танҳо рафт. Хонандагони ятим ва камбизоатро дастгирӣ намуд. Аз ҳолу аҳволи афсарону аскарон хабар гирифт. Аммо ҳамаи инро нодида гирифтем. Айб ва камбудӣ ҷустем. Ба ҷойи он ки маслиҳати муфид диҳем, тамасхур мекунем. Аҷоиб табиате дорем, ки кушиш мекунем ба пешравии кори касе халал расонем. Аммо ин оини ҷавонмардӣ ва ҷавонмардон нест. Ба шаъни мардуми тоҷик намезебад. Гавҳаршинос бояд буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>