Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм…

ХУҶАНД. Нишондиҳандаҳои нерӯи ақлониву зеҳнии ҷавонони созандаву ободкори имрӯз шаҳодатгари он аст, ки саводнокӣ миёни ин қишри ҷомеа боло рафта, таҳсилгирандагони таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ хеле афзуда истодааст. Ва ин ҳама аз ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми широитҳоро фароҳам овардаанд, бармеояд, — мегӯянд Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунаввар Маликисломӣ дар сӯҳбате, ки бо ҷавонони саодатманди макотиби олӣ доштанд. – Албатта, ин муваффақият ва дастовардҳо хуб аст, вале моро зарур аст, ки оянда низ дар самти баланд бардоштани маърифати илмӣ, таълиму тарбияи босифат тамоми қувва, малакаву маҳорати хешро дареғ надошта, заҳмат кашем ва номбардорони асили халқу кишвар бошем! Ақли солим, идроки комил ва зеҳни гиро, ки сармояи асосии инсонӣ ба шумор меояд, бояд чун муҳаррики пуриқтидор барои сулҳу амният, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии шоиста,ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бояд хидмат намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>