Рӯзи ахбори сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

ШАҲРИСТОН. Дар асоси самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  дар ташкилоти ибтидоии Т.Усмонова  рӯзи ягонаи  ахбори сиёсӣ вохӯрӣ бо аъзоёни фаъолии ҳизб баргузор гардид. Дар вохӯрии навбати дар ташкилоти ибтидоии Т.Усмонова оиди Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлисӣ Олӣ ҳамчун дастури амал ва барномаи фаъолияти кории тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва мақомоту сохторҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар он дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳлилу баррасӣ гардида, самтҳои асосӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, вазифаҳои навбатӣ барои оянда ва дурнамои мамлакат муайян карда шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ироа гардад, ин таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, бехатари  ҳаёт ва солимии мардум мебошад. Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд, ки аз ҷониби баъзе аз субъектҳои хоҷагидор талаботҳои қонунгузорӣ риоя нагардида, соҳибкорону тоҷирон бо роҳҳои гуногун маҳсулотҳои пастсифатро ба мамлакат ҷори намудаистоданд, ки ин барои саломати шаҳрвандони тоҷик зарар расонида истодааст. Дигар нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти соҳибкории ватанӣ ва дастгирии ҳаматарафаи корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад, шунида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>