Паём — дастури раҳнамоӣ

ХУҶАНД. Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» бо иштироки кормандони беморхонаи мазкур оид ба  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ доир гардид. Аз ҷумла аз ҷониби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Нуриддин Ашӯров  қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Тавассути  Паёми имсола Сарвари давлат  саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>