Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. 22-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зимни баромад чунин қайд карданд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар” Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад”.  Ин иқдоми наҷибона тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд намуд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ, қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷӣ кишварро таскин менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи “Искандаркул”, “Аловуддин”, “Водии Яғноб” ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо аст. Дар баробари ин, дар рустоҳои ноҳия занони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ  маҳорати баланд доранд.  Аммо онҳо  имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Пешвои миллат  роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. Ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда маҳсулотҳои худро муаррифӣ месозанд. Эълон намудани Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат, айни муддаост, бо ин восита ҳунармандон маҳсули эҷоди худро бе ягон мамоминат ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд.  Бо ҳидояту дастгирии ин марди созанда, дар ноҳия корхонаҳои қолинбофии дастӣ ба кор шуруъ намуд ва занони ҳунарманди хонашинро ба ин соҳа ҷалб кард. Аз он ҷумла дар маркази ноҳия Маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумии «Куҳсор», Маркази омӯзишии «Гулдаста» ва сехи атласу адрасбофи дар Ҷамоати Урметан ба фаъолият шуруъ намуд, ки духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳия барои омӯхтани ин ҳунари аҷдодӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд. Боварии комил дорем, ки рушди ҳунарҳои миллӣ боз ҳам густариш меёбаду мардуми ҳунарманд ба ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.

                                                                                                 Эътибор ШОДИЕВА

Омӯзгори МТМУ №19

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>