Ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд

АНДЕША. Президенти кишвар,  Пешвои миллат сараввал ба сатҳи ичтимоии зиндагии мардуми мамлакат назар карда, музди маоши кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин нафақаи шарҳвандонро зиёд намуда, барои дастгирии ин қишри ҷомеа дастуру супоришҳои назаррас  доданд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз ҷумла, музди меҳнати кормандони маориф 15 фоиз зиёд карда мешавад. Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018- 2020” қабул гардид- қайд намуданд, зимни ироаи Паёми хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар сиёсати созандаи  худ, соҳи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Баҳри рушди таълиму тарбия ва аз худ намудани илмҳои муосир ба толибилмон шароитҳои васеъро фароҳам меоранд. Дар ҳар гӯшаву канори кишвар мактабҳои замонавӣ сохта, бо тамоми лавозимоти дарсӣ ва технологияҳои муосир  муҷаҳҳаз намуда истодаанд. Дар баробари ин зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи маориф сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро нишон медиҳад. Чунин ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар мо- омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки бештар омӯзем, таҷрибаи худро ғанӣ гардонем ва дар тарбияи фарзандони созандаву бунёдкор камари ҳиммат бандем. Итминони комил дорам, ки ҳамаи толибилмон ва омӯзгорон суханҳои дар Паём зикр намудаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон,  Тоҷикистон- нақши муассири худро мегузоранд.

 

Мирзо ГУЛМАҲМАДЗОДА,

Омӯзгор аз МТМУ №5 д. Дарғ  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>