Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад

АНДЕША. “Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Ин нуқтаи асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуда ва дар қалби ҳар яки мо ҷавонон, ҳисси ватанпарастиро бедор намуд. Дар ҳақиқат террорист Ватан-Модар надорад. Ҳар гуна гурӯҳои манфиатҷӯй аз бедонишии ҷавонон суистифода намуда, онҳоро барои амалӣ намудани манфиатҳои ғаразноки худ, ба роҳи марг мебаранд. Ҳамзамон Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавон ба тамоми сохторҳои давлатӣ супориш доданд, ки дар  тарбияи ҷавонони лаёқтманд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд. Лозим ба зикр аст, ки Пешвои миллат, Соли 2017 “Соли ҷавонон”  эълон намуданд. Ин иқдом нишон дод, ки Ҳукумати кишвар  ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Лозим ба қайд аст, ки  соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо баҳри мо ҷавонони кишвар  аст. Аз ин лиҳоз мо ҷавонони соҳибистиқлоли Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фирефтаи ҳар гуна суханҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй нашавем. Талош бар он меварзем, ки хуб хонем ва дар пешравии соҳаҳои муҳими кишвар саҳми назарраси худро гузорем.

                              Исфандиёр НОСИРОВ

                              Волонтиёри шуъбаи

ҷавонон ва варзиши ноҳия

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>