Аз Паём то Паём

СПИТАМЕН. Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, дар асоси нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маорифчиёни ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.   Дар вохӯрии имрӯза таҳти роҳбарии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов – ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов, Субҳони Аъзамзод – мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раҳмонҷон Мирсаидов – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, Шавкат Шарипов – дотсенти кафедраи таърихи ватан, Тоҷинисо Азизӣ – раиси Ассосиатсияи ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ойбек Насруллоев – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Муҳаммадӣ Музрафхон – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Ашурова Нилуфар – мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, Мамадализода Б- мудири шуъбаи маориф, Зикирзода Лоиқ Хурсандқул – раиси суди ноҳия, Ҳусейнзода Улфат Умед – прокурори ноҳия, Одинаев Садриддин Шкарифович – сардори КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод – сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок намуданд. Бо ҳар як суханронӣ ва баромадҳо баромадкунандагон нуктаҳои пурмуҳтавои Паёмро муфассал шарҳ доданд. Вохӯриро муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ бурд. Дилрабо Раҳимӣ дар охири вохӯрӣ аз номи маорифчиён боварӣ изҳор намуд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон баён гардида буд, кушиш намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намуда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосир заҳмат менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>