Мулоқот бо занон

МАСТЧОҲ. Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ имрӯз дар МТМУ №11-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи Шодихуҷа Асроров вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд-Фирӯзахон Раҳимӣ, устоди Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ-Темирова Хайринисо, муовини раиси маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров иштирок намуданд. Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас меҳмонон оиди муҳтавои Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд. Дар толор зиёда аз 200-нафар занону бонувон иштирок доштанд. Баъди маърӯза аҳли раёсат бонувони фаъол Сабоҳатой Нурова, Фароғат Мухторова ба сухан баромада, оиди Паёми имсола ибрози ақида намуданд. Дар охир бо мақсади идома додани фаъолияти маркази сайёрии муроҷиати занон «Ваҳдати оила» масъулини марказ Сабоҳат Бобоҷонова баромад намуда, оид ба фаъолияти маркази мазкур дар соли 2017, ки зиёда аз 862 нафар занон маълумот пешниҳод карда муроҷиат намуданд. Инчунин ба занону бонувон пешниҳод карда шуд, ки занҳо бо масъалаҳои ҳуқуқиву равонӣ ба маркази сайёрии «Ваҳдати оила» муроҷиат намоянд. Чорабинии имрӯза дар доираи баланд баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>