Тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар байни занон

АЙНӢ. Бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ аз санаи 3-юми январи соли равон бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ тарғибу ташвиқи мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи нақша дар байни занону ҷавонон роҳандозӣ менамояд. Ин иқдоми Пешвои миллат ба мо як нуктаи муҳимро шарҳ медиҳад, ки дар охири сол манзур гардидани ин номаи ҳидояти халқи тоҷик мақоми онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқаррар месозад.Дар вохӯриҳо қайд гардид, ки Сарвари давлат зимни таҳлили амиқи фазои ҷаҳони муосир омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳама гуна хатарҳои терроризму ифротгароӣ изҳор доштанд. Дар Паём инчунин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар доираи манфиатҳои мардум, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон ва боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, эълон гардидани соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ гардиданд.Вохӯриҳо доир ба тарғиби Паёми Пешвои миллат идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>