Дар партави Паём

ГУЛИСТОН. Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрии аҳли омӯзгорон ва донишҷӯён бо вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявии №18 Гулистон ва Мастчоҳ Оқилзода Нурулло оид ба омӯзиши Паёми навбатии сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст.  Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён М ва мудири бахши кор бо зан ва оилаи МИҲД  иштирок намуданд. Нурулло Оқилзода асосан дар бораи “Стратегияи милли рушди Тоҷикистон то соли 2030” истода гузашт. Мавсуф қайд намуд, ки тайи ду соли охир татбиқи Стратегияи мазкур амалӣ гардида, давраи аввали он ба “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишошдиҳандаҳои маҷмӯиии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд ва барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, барои солҳои 2018-2020 бо мақсади амалигардонии Барномаи мазкур равона намудани 70 миллиард сомонӣ дар назар аст. Дар ин давра қайд намуд, ӯ суръати рушди воқеии иқтисодиёт 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардида, тибқи талаботи Барномаи мазкур ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Дар соли 2017 қайд намуд, ӯ маҷмӯи   маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз,  дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфтааст, дар ҳамаи соҳаҳо пешравӣ ва афзоиши маҳсулот таъмин карда шудааст. Инчунин ӯ дар бораи корҳои иҷронамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти иҷтимоӣ, маблағгузории соҳаҳаи маориф ва тандурустӣ, зиёд шудани маоши омӯзгорон истода гузашт. Дар бораи эълон гардидани “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маълумоти муфассал дод. Дар охир ба саволҳои аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён додашуда аз тарафи вакил ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>