Шарҳу тавзеҳи Паём

ГУЛИСТОН. Дар толори шӯъбаи мориф вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф оиди омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ аз санаи 22 декабри соли 2017 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М, мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД Мадализода И.Р ва мудири шӯъбаи маориф Бобозода М иштирок ва баромад намуданд. Ҷамолиён М дар баромади худ  аз Паём дар бораи вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва айёми душвору пуртазоди ҳозира , ки Президенти кишвар дар аввали Паём қайд намуданд, истода гузашт. Ӯ қайд намуд, ки дар ин давра зиёда аз 100 давлатҳои дунё ба ҷанг кашида шудааст, ки он оқибатҳои нохуш оварда истодааст. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо андешида шуда истодааст. Тоҷикистон, ки ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ аст, бо сохторҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ҳамкориро нисбати пойдории сулҳ -  масъалаи мубрами рӯз ба роҳ мондааст ва онро тақвият бахшида истодааст. Сиёсати “Дарҳои кушод,”, ки Тоҷикистон аз рӯи он муносибатро  бо дигар давлатҳо ба роҳ мондааст, нафъоварии худро нишон дод қайд намуданд,Ҷаноби Олӣ дар Паёми худ гуфт ӯ. Ҷамолиён дар баромади худ даъват ба амал овард, ки аз ин рӯ мо бояд дар масъалаи эҳтиёти ҷавонон аз шомилашавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ корҳоро ҷоннок намоем, бо худи ҷавонон ва волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барем ба онҳо омӯзонем, кибояд Ватани худро сидқан дӯст доранд, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошанд, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳиб ватанӣ ва озодиро баҷо оранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>