Мулоқот бо сокинон

ГУЛИСТОН. Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ вохӯрии Раиси собиқадорони КИ ҲХДТ Қосимова К.М ва мудири шӯъбаи занон ва ҷавонон Раҳимова М.А бо намояндагони маҳаллаи № 1–и шаҳр оиди фаҳмонидани мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ Раиси Шӯрои собиқадорон баромад намуда, дар бораи он, ки аз санаи 22 март, ки “Рӯзи ҷаҳонии об” ба ҳисоб меравад, амалишавии ташаббуси Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмиллалии амал  “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” расман оғоз меёбад. Ӯ қайд намуд, ки вобаста ба ин дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ дар ин замина чорабиниҳои зиёди зарурӣ гузаронида мешавад, зеро беоб рушди ягон соҳаи хоҷагии халқ имконнопазир мебошад. Маҳз аз фаровонии об корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти худро зиёд намуданд ва буҷаи шаҳрро бисёр ҳам ғанӣ гардониданд, ки ин сабаби ободу зебо шудани шаҳрамон гардид. Ӯ қайд намуд, ки то ин дар Тоҷикистон  барномаи “Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” амалӣ гардид, ки дар шаҳри Гулистон низ дар такя ба ин Барнома ҳамаи қубурҳои обгузар аз нав карда шуданд, ба маҳалҳои оби нӯшокиаш кам буда, об гузаронида шуданд, ки ин ба ҳамаи Шумо маълум аст. Ичунин ӯ дар бораи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, муҳофизати дастовардҳои он, муҳофизати сулҳу амният ва Ваҳдати миллӣ сухан кард ва таъкид кард, ки барои пойдории сулҳу амният бояд ҳамаи аҳолӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то Тоҷикистони мо боз ҳам ободтару зеботар ва пешрафта бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>