Дуои модари фарзандгумкарда: илоҳо Кабирӣ ба камоли пирӣ нарасад

АНДЕША. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта тахминан соатҳои 10-и рӯз хостам ба дидорбинии рафиқи наздики падарам, ки моро ҳамчун фарзандони хеш дӯст медоранд ва дар шуъбаи амрози дили яке аз шифохонаҳои вилояти Суғд муолиҷа мегирифтанд ташриф оварам. Ҳангоми расидан ба шифохона модари солхӯрдаи нурониеро дидам, ки оҳиста – оҳиста бо як шеваи ба худ хоси модарона ба самти ошёнаи болоӣ қадам мениҳанд. Чун каме саросематар ва серташвиш будам, хостам аз модар гузашта ба дидори рафиқи падарам равам. Аммо диламро шуълае фаро гирифт, ки бояд аз аҳволи модар пурсон шавам. Аз аҳволи модар пурсупос карда хостам кӯмакашон кунам ва ба ошёнаи лозимӣ ҳамроҳашон бароям. Нахуст модар розӣ нашуданд ва “писарам худам мебароям, мабодо туро ташвиш надиҳам, чун имрӯз рӯзи ҷумъа ҳаст ва аз намоз дер намонӣ”. Ба модар гуфтам, ки модари азиз ҳоло то намоз вақт ҳаст ва дигар ин, ки кӯмак ба шумо ва гирифтани дуои муборакатон бароям авлотар аз намоз аст, зеро биҳишт зери қудуми модарон гуфтааст”. Модар бо як нигоҳи пурмуҳаббат ба ман иҷозат доданд то кӯмакашон кунам. Ҳамин гуна аз аҳволи саломатии модар пурсида равон то ошёнаи чаҳорум баромадем ва модар хоҳиш карданд, ки дар нишастгоҳи ошёнаи чаҳорум каме истироҳат мекунанд. Чун аз аҳволи модар мушоҳида мегардид, ки хаставу нотавон ва маъюс менамоянд ва муҳтоҷи навозишанд. Модар маро ҳамчун фарзанди хеш насиҳат мекарданду сарамро сила намуда, борҳо такрор ба такрор зикр намуданд, ки “писари азиз, аз гуфтаи волидонат набаро, онҳоро дар нимараҳ нагузор, зеро барои падару модар аз ҳама азоби ҷонкоҳ доғи фарзанд аст”. Сипас модар оид ба рӯзгори талхи азсаргузаронидаи хеш ва аз даст додани ҷигарбандашон Юсуф бо ашки шашқатор бароям қисса карданд.

- Писари яккаву ягонаам Юсуф дар донишгоҳ таҳсил мекард. Донишаш ҳам бад набуд, рафтору кирдораш намунавӣ. Ба касе бадӣ намехост. Ӯро аз синни 7 солагиаш, ки падараш аз дунё гузашт бо азобу машаққати зиёд ба камол расонидам, барои таҳсил дар мактаби миёна ва донишгоҳ хеле кӯшиш кардам, ки соҳибмаълумот ба камол расад. Чун вазъи саломатиам вазнинтар гардида буд хостам ҷигарбандамро оиладор карда, ҷомаи домодии ба уммеду орзуҳои бепоёни модарона дӯхтаамро ба танаш пӯшонам. Бо ин мақсадҳо ҳамеша ҷаҳду талош намуда истода будам. Соли 2007 ҷигарбандам Юсуф боре ба ман муроҷиат кард, ки ба масҷид намозхонӣ меравад. Ростӣ хурсанд шудам ва шукр аз он кардам, ки фарзанди азизам роҳи дурустро интихоб кардааст ва худошинос шуда истодааст. Дар лил гумон кардам, ки акнун писарам худашро шинохта, ҳаёти босаодаташро таъмин месозад. Рафта-рафта ба ришмонӣ гузашта, вақтҳои охир ба хона кам – кам меомадагӣ шуд. Ҳангоми аз кирдораш пурсидан ба ман беэҳтиромӣ мекард. Хулоса рафтору муносибаташ дигар шуд. Борҳо ба ман садо баланд карда, дағалона муроҷиат намуд, ки бояд сатр ба бар кунам, зеро рӯймоли ман аз рӯи шариат нораво будааст. Дилам ҳамеша аз кирдору рафтори писарам дар ҳарос буд, ки мабодо аз дасти ӯ ба касе осебе нарасад. Бо ин мақсад хостам аз пасаш мунтазам назорат барам. Боре писарамро ҳамроҳи нафароне дидам, ки онҳоро ҳамагон бо нафрат назар мекарданд. Баъд аз талошҳои зиёд маълумам гардид, ки писарам ба сафи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзо шуда, аз як ҷавони зираку ҳушёр ба фарзанди гумроҳ табдил ёфта истодааст. Мунтазам ба ӯ насиҳат мекардам, ки фарзандам ҳоло ту ҷавонӣ, ҷони ҷавонии хешро қурбони ҳар гуна ҳизбу гумроҳон накун, зеро ҳизби наҳзати исломӣ дар барангехтани низоъ дар кишвар ва қатлу куштор даст дошта, оғозгар ва саркардаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳамин тавр рафтори писарам рӯз ба рӯз тағйир ёфта, аз ман дур шудан гирифт. Боре охирон маротиба соли 2013 аз ман бо қатъият талаб намуд, ки дар кишвар вазъияти зиндагиаш ба мушкилӣ дучор омада, мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад.  Ҳайрон шудам, ки чи гуна ба фарзанде, ки тамоми шароиташ мусоид ва фароҳам аст мехоҳад ба Русия сафар кунад. Ҳарчанд хостам садди роҳаш шавам, аммо натавонистам. Бо гузашти рӯзу моҳу солҳо ба хотири огаҳӣ аз вазъияти ӯ ҳамеша кӯшиш кардам. Телефони мобилиамро, ки дар он рақамҳои телефонашро “ҷони оча” навишта будам, ҳамеша нигоҳ мекардам. Ду чашмам аз интизорӣ канда шуд. Бо гузашти ду сол рӯзе ҳамсини писарам ба ман хабар овард, ки дар интернет бо фарзандатон суҳбат кардам. Ӯ дар интернеташ аксу наворҳои раиси ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабириро гузошта аз ӯ пуштибонӣ карда истода буд. Хостам, ки ба Ватан баргардад ва аз ин кораш канор равад, зеро дар Тоҷикистон ин ҳизб баста шуд, аммо ӯ рад кард ва таъкид кард, ки дар бораи ин суҳбатамон ба модарам чизе нагӯ.  Ҳамин тариқ панҷ соли расо мешавад, ки рӯи ҷигарбанди яккаву ягонаамро надидаам ва ҳатто овозашро нашунидаам. Шабҳо ба ёди ӯ хобам намебарад. Ҷигарбандам дар куҷо бошад, чи мехурда бошад, куҷо сар паноҳ мебурда бошад, дар сардиҳои кишвари бегона хунук намехурда бошад ва ҳамин тариқ ҳазорон андеша сарамро давр мегардонад. Модар ашки чашмонашонро пок карда зикр доштанд, ки рӯз ба рӯз вазъи саломатиам вазнин мешавад, мадори пойҳоям дигар намондааст, худамро бад ҳис мекунам. Аммо ба хотири он, ки рӯзе садои ҷигарбандамро мешунавам ва ӯ маро омада соҳибӣ мекунад худро таскин медиҳаму барои намурдан мубориза мебарам. Илоҳо фарзанди ягон инсон ба гумроҳӣ наравад, илоҳо ҳеҷ модари тоҷик мисли ман дар фироқи ҷигарбандаш насӯзад. Ман медонам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар фарзандони тоҷик қурбони сиёсатҳои разили гуруҳҳои пастфитрат гардида буданд. Ба назарам фарзанди ман низ гумроҳ шудааст. Ман медонам, ки дар вақташ чӣ қадар фарзандони мардум, бахусус ҷавононро Сайид Абдуллои Нурӣ гумроҳ карда буд. Имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ низ чун Нурӣ фарзандони моро гумроҳ карда истодааст. Дуо мекунам, ки Кабирӣ, ки хостори рехтани ашки чашми мо модарон аст илоҳо ба Камоли пирӣ нарасад, илоҳо фарзандонашро мисли ман гум кунаду, дар фироқи фарзанд сӯзад. Ҳаволаи ҳамаи наҳзатиҳоро ба Худо месупорам.

                                                                                              Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>