Нигаронии Пешвои миллат ба воридоти доруҳои пастсифат

Ruchka

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш санаи 22-декабр дар Қасри Сомон ба гардиши доруҳои пастсифат изҳори нагаронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.  Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд”. Дар ҳақиқат солҳои охир ҳар гуна доруҳои пастсифат дар кишварамон доман паҳн намудаанд, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шудани сокинон мегардад. Ҳамзамон, Пешвои миллат, аз табибон изҳори нигаронӣ намуданд, ки барои харидорӣ намудани доруҳо, беморонро ба назди одамони  худашон сафарбар мекунанд. Баъд аз эродҳои Пешвои миллат, мутмаинем, ки табибон ва доруфурӯшон роҳи дурусти корро пешаи худ намуда, талаботи мардумро бо доруҳои ватанӣ ва манфиатовар таъмин месозанд. Дар баробари ин олимони соҳаи тиб, бештар ба омӯхтани гиёҳҳои кишвар шуда, ба дастовардҳои нави илмӣ ноил мегарданд. Инчунин, Пешвои миллат, барои бунёди корхонаҳои дорусозӣ ва ворид намудни техникаҳо шароити васеи корӣ фароҳам оварданд ва зикр намуданд, ки “Бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз,  аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад”.  Аз чунин имконоти мавҷуда табибон ва дорусозонро мебояд, поквиҷдониро шиори худ намуда, баҳри рушди соҳаи дорусозӣ тадбирҳои судмандро андешанд.

Парвиз ҚУРБОНОВ

Бародари тиббӣ ёрии таъҷилӣ

Беморхонаи марказӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>