Тарғиби мӯҳтавои Паём

АЙНӢ. Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои  миллат  ба Маҷлиси Олӣ нақша — чорабиниҳо таҳия намуда, бо намояндагони  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  Кумитаи  иҷроияи  Ҳаракати  ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  Мирзошоҳрух  Асрорӣ ва  вакили  Маҷлиси  Намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Салимзода  Олим ва гурӯҳҳои тарғиботӣ дар байни мардум корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро доир ба иҷроиши нуктаҳои асосии Паём дар  деҳаи  Такфони  Ҷамоати  деҳоти  Анзоб  ва  шаҳраки  Сарводаи  Ҷамоати  шаҳраки  Зарафшон вусъат бахшиданд. Имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир ба мӯҳтавои Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Вохӯриҳои судманд доир ба омӯзиши мӯҳтавои Паёми Президент дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ бо  иштироки  намояндагони  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  вакили МНМО  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор мегардад.Аҳли сокинони ноҳия Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллатро бо хушнудӣ қабул карданд. Чунин  вохуриҳо дар  дигар  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия  идома  дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>