Мулоқотҳои судманд

з

ЗАФАРОБОД. Дар асоси ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳи корӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардида буд дар ноҳияи Зафаробод гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳҳои олии кишвар аз санаи 08 январ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ Амонулло Салимзода – ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Убайдулло Раҳматов – мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Муҳаммадазим Бобохонов – профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Беҳрӯз Неъмонов – и.в мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Шавкат Шарипов – дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  Иномҷон Мамадалиев мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раҷаббой Ашӯров – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод инчунин мудири бахши кор бо занон, мудири бахши кор бо ҷавонон, мудири маориф, прокурори ноҳия, Раиси суди ноҳия, сардори ШВКД дар ноҳия ва Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Зафаробод шомил мебошанд. Дар вохӯри баргузор гардида бо сокинони Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев гирандаи Стипендияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйчибойи Муллоазим низ баромад намуд. Дар мулоқотҳои доиргардида кишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.  Вохӯри ва мулоқотҳо дар ноҳияи Зафаробод идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>