Қосиди паёмадҳои нек

2

ХУҶАНД. Ҳамасола моҳи январ донишандӯзони макотиби олӣ Соли нави милодиро бо супоридани имтиҳонҳои тестии ҷорӣ оғоз менамоянд. Яъне донишҳои андӯхтаи хешро ба мизони тарозуи ақл баркашида, то кадом андоза он илмҳоро ҳазм намуданд, хулосабарорӣ мекунанд. Сӯҳбате, ки бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева З.С. дар Маркази тестии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров доир гардид, гуфтаҳои Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақвият мебахшад: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарин фаъолияти мо хоҳад буд». Ба андешаи сардори Маркази мазкур Ҷамшедхон Раҳимов: «Бо ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли савум аст, ки Маркази тестӣ амал мекунад. Донишҷӯён ва ҳайати профессорону дотсентон аз ин иқдом хеле миннатпазиранд. Ифтитоҳи ин муассисаро яке аз хусусиятҳои умдаи ҷаҳонишавӣ маҳсуб дониста, бар он ақидаанд, ки ба ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти кишварро ҷонибдор ҳастанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «хуб» — у «аъло», ҷамъбаст хоҳанд кард!»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>