Баргузории мулоқотҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

IMG_0789-09-01-18-04-56

БӮСТОН. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 8 то 17 январи соли 2018 баргузор мегардад бо сокинони шаҳри Бӯстон мулоқот баргузор гардид. Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода оғоз гардида, таъкид карда шуд, ки ҳадаф аз баргузории мулоқотҳои мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҳсуб меёбад. Иштирокчиёни мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов ва Дилрабо Мансурӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ Саидамин Исомаддинзода, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров ва Рустам Юлдошев оид ба паҳлӯҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, марҳила ба марҳила ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатиро фоли нек дар раванди давлатдории навини миллӣ арзёбӣ карданд. Қайд карда шуд, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар барои расидан ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаем. Дар интиҳо донишҷӯи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бобоев ва сарвари литсеи 1 Рухсора Абдуғаффорзода андешаҳои хешро роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва эълон гардидани соли 2017 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баён доштанд. Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо фарогирии дигар қишри ҷомеа дар коргоҳу муассисаҳо ва қисмҳои низомии шаҳри Бӯстон баргузории мулоқотҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>