Паёми навин-роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ

КОНИБОДОМ. Дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шахри Конибодом ва ҷамоати деҳотӣ ба номи Р.Ҳамробоев  вохурӣ ва мулоқоти гуруҳи корӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҲХДТ ва  сокинон вобаста ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ҳайати гуруҳи корӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабов Равшан Муҳитдинович, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода,  мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов,  ҷонишини мудири шуъбаи кор бо занони вилояти Суғд Мавлонова Муяссара Олимовна шомил буда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти кишвар суханронӣ намуданд. Аз ҷониби ҳозирин оид ба аҳамият ва моҳияти Паёми Пешвои миллат, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»», афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»», рушди сармояи инсонӣ ҳамчун пояи рушди устувори кишвар, таҳкими қонунгузорӣ ва тақвияти адолати судӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, масъалаҳои амнияти миллӣ  ва оиди дар панҷ соли охир зиёд гардидани маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар , соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад, ки аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.  Иштирокдорон ҳамовозии худро ба ҷиҳатҳои алоҳидаи Паёми имсола ва ба татбиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои асосии Паём, инчунин дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>