Паёми Пешвои миллат-таҳкурсии боэътимод барои рушди устувор

IMG-14c648131f9ad7e90622916f63d59ece-V

ХУҶАНД. Дар асоси нақша — чорабинии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар кумитаи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷамъбасти «Соли ҷавонон» ва тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳр  мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исматҷон Ҷумаев бо хонандагони муассисаи мазкур ва ҷавонони ҳудуди маҳалла баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ перомуни мавзӯҳои мухталиф аз ҷумла ҷамъбасти соли ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва мӯҳтавои Паём ақидаронӣ намуд.  Дар ҷамъбаст иштирокдорон фикрҳои ҷолибро баён намуданд. Аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ба ду нафар иштирокчии фаъоли чорабинӣ ҳамчун армуғони солинавӣ китоб тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>