Маҷлиси Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид

IMG-d6cded1904f9d9d2790d63958fbc4c6c-V

БӮСТОН. Дар  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  маҷлиси Раёсати  кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардида, дар  он се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  Аз ҷумла:  Тасдиқи  лоиҳаи  Нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр оид ба ташвиқу тарғиб ва иҷрои дастуру супориҳои дар  Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардида.  Тасдиқи лоиҳаи  нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр оид ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”. Масъалаҳои ҷорӣ. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон, аъзои Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ Мухторова Г.У. кушод ва сухан оид ба  масъалаи аввал ба муовини Раиси шаҳри Бӯстон  Зоирӣ Ғ.М. дода шуд.  Аз ҷониби аъзои Раёсат Зоирӣ Ғ.М. лоиҳаи Нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр оид ба ташвиқу тарғиб ва иҷрои дастуру супориҳои дар  Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардида, барои шиносоӣ ва тасдиқ ба аъзоёни Раёсат пешкаш гардид. Нақшаи мазкур  аз ҷониби Раёсат бо назардошти  тағйиру иловаҳо  тасдиқ гардида,  аъоён ҳамзамон оид ба иҷрои бандҳои он дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.       Оиди масъалаи дуюм лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр оид ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” раиси  КИ ҲХДТ  дар шаҳр сухан кард. Ҳамчунин, аз ҷониби даъватшудагон ба маҷлис Исмоилов Х.М. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш  шаҳр ва Раҳимова Т.А. мудири шуъбаи  фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба  илова намудани бандҳои алоҳида дар нақшаи мазкур  пешниҳод қабул гардид. Бо назардошти  тағйиру иловаҳо лоиҳаи Нақшаи мазкур   аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд. Оид ба  масъалаи сеюм  аъзои Раёсат, мудири шуъбаи  рушди иқтисод ва савдои мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Тоҷиев Х.А. оид ба пешниҳод намудани ҳисоботҳои молиявии кумиҷроия дар соли 2017 ба  унвони комиссияи тафтишотии кумҷроияи шаҳрӣ сухан кард. Ҳачунин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Ҷалолов М. Оид ба ҳамкорӣ дар ташкили  чорабиниҳо дар доираи  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ” дар шаҳр  ибрози ақида намуд. Дар охир, аз ҷониби  Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ лоиҳаи  қарорҳои қабулгардидаи маҷлиси Раёсати кумиҷроия  қират гардида, маҷлиси навбатии Раёсати кумиҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ба кори  худ анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>