Тарғиби Паём дар байни аҳолӣ

22

ҶАББОР РАСУЛОВ. Имрӯз баҳри тарғиби муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки аъзоёни гуруҳи кории аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Баҳодур, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон- Саидов Шуҳрат, намояндаи МИМҲД-и вилояти Суғд-Зоҳидов Ҳусейнҷон, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил ва раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ва кормандони кумиҷроия вохӯрӣ баргузор гардид. Акрамзода Баҳодур, Саидов Шуҳрат, Зоҳидов Ҳусейнҷон ва Шодиев Абдуҷалил оиди муҳтавои асосии Паём баромад намуданд.  Вохӯрӣ дар руҳияи баланд баргузор гардида, шахсони масъул, фаъолони ҳизб, ҷамоат ва аъзоёни гуруҳҳои тарғиботӣ вазифадор карда шуданд, ки муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>