«Аз Паём то Паём» — соати сиёсӣ

СПИТАМЕН. Дар асоси нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣи Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Спитамен бо ҳамкории ташкилотҳои ибтидоии «Истиқлол», «Новселмаш» ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» соати сиёсӣ доир ба ҷиҳати омӯзиши нуқтаҳои пурмӯҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Сарвари мамлакат роҳбари бохиради ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.  Соати сиёсиро мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Болтуева В кушода, чунин иброз намуд: дар ҷамъбасти ҳар соли сипаришуда ва оғози соли навин ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ироа менамоянд. Ироаи Паём  яке аз рукнҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад.  Дар Паём сиёсати дохилию хориҷӣ ва шоҳроҳи ояндаи кишвар мустақилона муайян карда шуд. Дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллии мо ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии  мардуми шарифи тоҷик аз Паём  бармеояд, яъне дар Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми неки насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  баён мегардад. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси самти ҷавонони Кумитаи иҷроия Абдуқаюмова Дилбар баромад намуда гуфт, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзали сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меоранд ва таввасути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд. Боиси хурсандист, ки Пешвои миллат имтиёзҳои зиёдро дар самти фаъолияти ширкатҳои туристӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварданд, ки чунин шароити кор дар кишварҳои дигар ба назар намерасад. Дар соати сиёсӣ шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Новселмаш» Турсунова М баромад намуда гуфт, ки дар ҳар як гушаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ноҳияи мо хонае нест, ки ягон ҳунари миллиро надониста бошад. Аз азал миллати тоҷик бо ҳунарҳои волои худ дар ҷаҳон муарриф гаштааст. Дар рафти баргузории соати сиёсӣ аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»  баромад намуда фикру мулоҳизаи худро иброз намуданд. Соати сиёсӣ бо мазмуни баланд гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>