Омӯзиши Паёми навбатӣ

БӮСТОН. Бо мақсади расонидани самтҳои асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои дурбинонаи Сарвари давлат, дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оиди  рушди соҳаҳои иқтисодиву ичтимоӣ ва ободиву осоиштагии  кишвар   КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст. Вохӯрии  навбатӣ бо иштироки аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ дар Ҷамоати шаҳраки Палос  баргузор гардид.  Дар  ҷамъомад  мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ иброз намуд, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: «Сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисодии миллатамонро ба куллӣ тағир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатиамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ  ташкил медиҳад, таҳким бахшем,  иқтидорҳои нави истеҳсолиро  ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам  оварем». Шаҳрвандони Ҷамоат нисбати корҳои кардашуда дар доираи Паёми  соли гузашта ва омодагӣ ба  иҷрои дастуру супоришҳои навбатӣ сухан карданд. Дар баргузории  вохӯриҳо саҳми босазои  собиқадорони ҳизб эҳсос мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>