Омӯзиши ҷавонон

DSC05932

ГУЛИСТОН. Дар толори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳраки Чорухдаррон вохӯрии раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ  Қосимова К.М ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонон Раҳимова М.А бо ҷавонон оиди омӯзиши Паёми сарвари давлат гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чорухдаррон  Бердиева Н, собиқадорони ҲХДТ Маматқулова Ш, Содиқбоева М ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ ах ҲХДТ Холиқов А иштирок намуданд. Раиси Шӯрои собиқадорон баромад намуда, дар бораи масъалаҳои дар Паём гуфташуда маълумоти умумӣ дод. Пас мавсуф дар бораи гуфтаҳои сарвари давлат дар бораи ҷавонон сухан ронда қайд намуд, ки ғамҳориҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат бо ҷавонон бо соли ҷавонон ба охир намерасад, балки ҳалли масъалаҳои вобаста бо наврасон  ва ҷавонон дар оянда низ  самти муҳимтарини фаъолияти давлату Ҳукумат қарор мегирад. Аз қаноатмандии Сарвари давлат аз натиҷаҳои Соли ҷавонон ӯ сухан ронда, дар бораи таклифҳои Президенти кишвар дар бораи минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда буданашон, дар бораи дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ карданашон, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, зиракии сиёсиро аз даст надоданашон, дар бораи ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода буданашон, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дошта, ба корҳои ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намуданашон гуфта гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>