Паёми созандагӣ

АЙНӢ. Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои  миллат  ба Маҷлиси Олӣ  бо намояндагони  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  Кумитаи  иҷроияи  Ҳаракати  ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  Мирзошоҳрух  Асрорӣ,  вакили  Маҷлиси  Намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Салимзода  Олим   ва  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  н. Айнӣ  Қобилзода  Абдуғанӣ  бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ  дар  деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметан  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд. Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қайд намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат баррасиии масъалаҳои  доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳама гуна хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ,пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, эълон гардидани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>