Шарҳи Паёми Президенти мамлакат

ИСТАРАВШАН. Дар толори гимназияи №5 мулоқоти сокинони маҳаллахонаҳои Ваҳдат, Суғдиён, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф бо гурӯҳи кори аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим доир гардид. Дар вохӯрӣ, ки онро муовини Раиси шаҳр Н. Ҳайдарзода ҳусни оғоз бахшид, Абдуллозода И дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат», ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, сухан ронд. Абдуллозода Иброҳим зимни баромади хеш асосан мӯҳтавои Паёми Пешвои мамлакатро шарҳу эзоҳ дода, афзуд, ки Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳоро на танҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, балки бо дигар кишварҳои мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос доштаро изҳор кард. Инчунин дар мулоқот сардори раёсати маорифи вилоят О. Каримзода ва ректори Донишгоҳи славянӣ Нуралӣ Солеҳов, Ӯлмасов Раҳмон профессор, доктори илмҳои иқтисодиёт, устоди Донишгоҳи славянӣ баромад карданд. О. Каримзода дар бораи мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат сухан ронд, инчунин дар баромадаш дар бораи бурду бохти соҳаи маорифи вилоят дар соли гузашта гуфта гузашт.  Ӯ маорифчиёни шаҳрро вазифадор намуд, ки дар соли 2018 барои рушди ин соҳа ҳиссаи арзанда гузаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>