Паём раҳнамои фардо

бг1

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Ҷиҳати фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Даштак»-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ, мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷумъахон Давлатзода ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода М.З, Ахмедов Ҷ.Ҷ., баргузор гардид.  Ба мулоқот муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ М.М., ифтитоҳ бахшид ва ба аҳли нишаст меҳмононро муаррифӣ намуда, Паёмро барномаи амал ва роҳнамои ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз вазифаву мавқеаш дар соли 2018  арзёбӣ кард. Зимни суханронӣ роҳбари гурӯҳ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои сайёҳи, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ истода гузаштанд. Ҳамзамон ӯ дар бораи дастгирии ташаббуси Президенти мамлакат оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандӣ,  мубориза бар зидди коррупсия фикру андешаҳои хешро баён намуд. Дар маҷмӯъ Паёми имсола аз  паёмҳои пешина ба  куллӣ фарқ намуда, он ба масъалаҳои ҳифзи сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар арсаи байналмиллалии боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз  равона гардидааст. Аз Паёми имсолаи Президенти кишвар  ба Маҷлиси Олӣ мардуми шарафманду  сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров умедҳои зиёд доранд ва бо боварии комил тасдиқ менамоянд, ки Паёми Пешвои миллат чун ситораи пурҷило роҳи моро ба сӯи боз ҳам ободу зебо намудани кишвар, баҳри зиндагии орому осуда ва шоиста мунаввар месозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>