Мулоқоти вакилон бо халқ

1

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон имрӯз шарҳи моҳият ва мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳру деҳоти Панҷакент гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи моҳият ва мӯҳтавои Паёми Сарвари мамлакат вохӯрӣ бо аҳолӣ баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент Саразм ва Чинор бо вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров,  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мулоқот баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Азимӣ Зайнура чорабиниро ифтитоҳ намуда ҳайати меҳмононро аз номи ҳозирин барои ташрифашон миннатдорӣ баён намуд. Дар суханрониҳо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар ва Абдуҳалим Ғаффоров тамоми паҳлуҳои Паёми Пешвои миллатро барои ҳозирин ба таври муфассал шарҳ доданд. Аз номи сокинон Холиқов Амриддин  ба сухан баромада, дар суханронии худ қайд кард, ки дар доираи Паёми Пешвои миллат мо тамоми сокин фаъолиятамонро ба роҳ монда ҳар як нуқтаи паёмро сармашқи фаъолияти ояндаи худ намуда баҳри гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон доимо дар меҳнати софдилона мебошем. Зеро соли 2017-ро мо сокинони кишвар бо сарварии Пешвои миллат бо дастовардҳои бузург ҷамъбаст намудем. Алалхусус, қабули қатъномаи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», ки аз тарафи Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид барои Тоҷикистониён ин як дастоварди бузург мебошад. Чунин мулоқотҳо дар дигар Ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>