Тарғиби мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат

АЙНӢ. Дар  деҳаи  Хушекати  ҷамоати  деҳоти  Айнӣ вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани  Паёми  Пешвои  миллат  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид. Сараввал  Вакили  Маҷлиси  Намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Салимзода  Олим   оиди  нуқтаҳои  асосии  Паём- масъалаи таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, рушди саноати дорусозӣ, эълон гардидани соли 2018 чун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кишвари саноативу кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон  баромад  намуда  қайд  кард,  ки  “Паёми Пешвои миллат санади роҳнамоест ба мардуми Тоҷикистон ва ин   номаи ҳидояти халқи тоҷик мақоми онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқаррар месозад. Дар  охир  Зиёвиддинов  Зиёвиддин   баромад  намуда  ҳозиринро  даъват  намуд, ки  бо  усули  куча  ба  куча  Паёми  навбатии  Пешвои  Миллатро  ба  аҳоли  фаҳмонида  шавад.  Вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>