Дар партави Пёми – Пешвои миллат

ҶАББОР РАСУЛОВ. Имрӯз дар ҷамоати деҳоти «Сарбанд»-и ноҳияи Спитамен гуруҳи таблиғоти оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори тӯйхонаи «Навбаҳор» вохӯри бо иштироки зиёда аз 200 нафар сокинони кору касбашон гуногун доир гардид.Вохӯриро Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳими  ҳусни ифтитоҳ бахшида баъди хулосаи мухтасар оиди Паём иштирокчиёни ҷамъомадро бо гурӯҳи тарғиботчиён – Абдураҳмон Маҳмадов, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ноиби Президенти академияи Ҷумҳурурии Тоҷикистон  Аҳмадҷон Қобилов , вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудрати шинос намуда суханро ба онҳо дод.Баромадкунандагон ба таври содда ва муфассал нуқтаҳои пурмӯҳтавои паёмро шарҳ доданд. Дар фарҷоми вохӯри собиқадори меҳнат Аҳмадалиева Дилбар ва ҳунарманди мардуми Норматова М баромад намуда изҳори миннатдори намуданд. Ҳамин гуна вохӯри дирӯз дар толори фарҳанг бо ходимони соҳаи дин баргузор гардид. Ин гуна вохӯриҳо дар қаламрави ноҳия идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>