Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат

з

ЗАФАРОБОД. Тавре, ки иттило дода будем имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои гуногуни кишварамон ҷиҳати ба мардум ошно кардани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардида буд идома дорад. Дар ноҳияи Зафаробод низ аз санаи 8-уми январ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳҳои олии кишвар бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқотҳо доир намуда истодаанд.Аз ҷумла имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мулоқоти  ҳайати гурӯҳи корӣ бо занони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Раҷаббой Ашӯров – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод низ ба ҳайати гуруҳи корӣ шомил буда дар ҳама вохуриҳо баромад намуда мӯҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллатро ба аҳли иштирокчиён расонда такид намуд, ки «Чи тавре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои кушода»-ро минъбад низ идома дода бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳоро ба роҳ мемонем.» Дар мулоқотҳои доиргардида кишрҳои гуногуни ҷомеа ба сухан баромада, шукронаи истиқлолият ва шукронаи ваҳдати милли намуда ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҳамарӯза эҳсос намуданашонро изҳор карда гузаштанд. Вохӯри ва мулоқотҳо дар ноҳияи Зафаробод идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>