Ҷавонон пайравони Пешвои миллат

???????????????????????????????

СПИТАМЕН. Имрӯз, гурӯҳи кории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари гурӯҳ Абдураҳмон Маҳмадов бо ҷавонони ноҳияи Спитамен дар толори Литсей  оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуд.  Дар вохӯрӣ, ки зиёда аз 100 нафар ҷавонони кору касбашон гуногун иштирок доштанд, Абдураҳмон Маҳмадов – ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷон Қобилов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойбек Насруллоев – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, Муҳамадӣ Мизробхон – мудири бахши кор бо ҷавонон ва Зикирзода Лоиқ Хурсандқул  нуктаҳои пурмуҳтавои Паёмро муфассал эзоҳ доданд.   Чуноне, ки дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қайд намуданд, соли ҷавонон набояд бо соли эълонгардида маҳдуд гардад, балки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон боз ҳам зиёдтар гашта, дар оягда низ самти муҳимтарини фаъолияти ҷомеа  ба ҳисоб рафта дар мадди аввал меистад.   Ин иқдом, дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас мебозад. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогиҳову худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Боиси қаноатмандист, ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар  баромади худ баромадкунандагон қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муарифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.  Силсила вохӯриҳо идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>