Паёми Пешвои миллат- роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар толори ҷамоати деҳоти Ғозиён, мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷ.Ҷ., аъзои гурӯҳи тарғиботи ташвиқотӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мансуров А. баргузор гардид.  Ба мулоқот раиси кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқимзода Н., ифтитоҳ бахшид ва ба аҳли нишаст меҳмононро муаррифӣ намуда, Паёмро барномаи амал ва роҳнамои ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз вазифаву мавқеаш дар соли 2018  арзёбӣ кард. Зимни суханронӣ вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷ.Ҷ., вобаста ба нуқтаҳои асосии паём оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандӣ,  мубориза бар зидди коррупсия фикру андешаҳои хешро баён намуд. Аз Паёми имсолаи Президенти кишвар  ба Маҷлиси Олӣ мардуми шарафманду  сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров умедҳои зиёд доранд ва бо боварии комил тасдиқ менамоянд, ки Паёми Пешвои миллат чун ситораи пурҷило роҳи моро ба сӯи боз ҳам ободу зебо намудани кишвар, баҳри зиндагии орому осуда ва шоиста мунаввар месозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>