Тарғиби Паём идома дорад

ИСФАРА. Дар шахру дехоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарху тавзехи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома доранд. Дар ин радиф гуруҳи корӣ дар ҳайати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова, директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи  Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов ва профессори Донишгохи забонхои ба номи Сотим Улугзода Аъзам Худойдодов  бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чилгазиву Шаҳрак мулокот ороста, доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон андешаронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғанигардонии сармояи инсонӣ имконияти ғанӣ дорад. Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, дар Паёми навбатии Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас дар xода тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён гардиданд, ки бори дигар эътимоди мардумро ба пуштибонии давлату Ҳукумат, бахусус содиқ будан баҳри иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеа комил мегардонад. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки рушду пойдории истиқлолияти комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад. Ин омил дар замони ҳозира муҳимияти махсус касб намудааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба тарғиби истиқлолият, соҳибватанӣ ва озодӣ омили меҳварӣ дар роҳи ташаккул ва рушди мафкураи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҷомеа буда, имконият медиҳад, то дар шинохти ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди мамлакат комёб гардад. Тазодҳо ва мушкилиҳое, ки имрӯзҳо давлатҳои миллӣ ба он рӯ ба рӯ шуда истодаанд, тақозо менамоянд, ки механизми худдифоъро фаъолона амалӣ намоянд. Зеро амалияи талхи таърихӣ нишон дода истодааст, ки қувваҳои террористию ифротӣ, ки дар аксар маврид воситаи татбиқи мақсадҳои геополитикии абарқудратҳо мебошанд, дастовардҳои пурқимати таърихӣ ва фарҳангиро, ки на танҳо арзишҳои як халқу миллат, балки дастоварди инсоният ба шумор мераванд, несту нобуд намуда, хотираи таърихӣ ва фарҳангии инсониятро нест карда истодаанд. Дар чунин шароити мураккаб дифоъ аз истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш- ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси «сафарбар намудани саъю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад. Иштирокдорони мулоқот дар навбати худ ҳамовозии хешро ба Паёми имсола иброз дошта, қайд карданд, ки дар пиёда сохтани нуктаҳои он якҷоя софдилона меҳнат намуда, сиёсати давлатро амалӣ мегардонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>