Роҳнамо ба зиндагии шоиста

IMG-20180110-WA0000

ИСТИҚЛОЛ. Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки ректори Донишкадаи кӯхӣ-металлургии Тоҷикистон Фозилзода Мухтор, устодони Донишкадаи кӯхӣ-металлургии Тоҷикистон Абдуллоев И.Р., ва Ҷалолова 3, директори Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» дар вилоят Ёқубӣ М.А., сардори шӯъбаи дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Валиев Ҳ.Э, судяи Суди шаҳри Истиқлол Муслиббидинзода М., Раиси КИ ҲХДТ дар шюИстиқлол Боқиев М.Г. вохурӣ бо сокинони шаҳр ҷихати тартиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисп Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мачлисгоҳи Литсейи касбии техникии шаҳр (09.01.2018), маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр (санаи 10.01.2018), мачлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 (санаи 11.01.2018) бо фарогирии 365 нафар сокинони шаҳр баргузор гардид. Дар воҳуриҳо гурӯҳи корӣ бобати мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии ҷумхурӣ суханронӣ намуданд.  Ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Фозилзода Мухтор Муродӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар хақиқат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи мукаммал ва роҳнамо барои расидан ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Рафти баромад қайд гардид, ки бинобар татбиқи бомароми дастуру вазифаҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём гузошташуда ҷомеаи Тоҷикистон сарбаландона ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, ба ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардида истодааст. Дар мулоқоту воҳуриҳо сокинони шаҳр бо руҳбаланди аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии чумхурӣ иброз намуданд, ки мардуми сарбаланди шаҳр дар корҳои созандагиву ободкорӣ иқдом намуда, бобати пешрафти тамоми соҳаҳои гунонгуни хоҷагии халқи шаҳр кӯшишҳои беш аз пеш ҳоханд намуд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида вохуриву мулоқотҳо бо сокинони шаҳри Истиқлол идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>