Омӯзиши Паём давом дорад

ГУЛИСТОН. Дар толори Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо гурӯҳи кории МИҲД , ки ба он раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён М.Ғ низ шомил аст, вохӯрӣ оид ба фаҳмонида додани нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баргузор гардид. Пас дар толори калони клуби шаҳрак вохӯрии гурӯҳи мазкур бо аҳолии шаҳрак оиди омӯзиши Паём баргузор гардид. Дар ҳар ду вохӯрӣ ҳам раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён М баромад карда, дар бораи эълон гардидани “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сухан гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки Раиси Ҷумҳур Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба роҳ монад. Ӯ таклиф ба миён овард, ки азбаски ҳунарҳои миллӣ дар шаҳрак зиёданд, соҳибҳунарон метавонанд аз ин имкониятҳо истифода баранд. Ба ғайр аз ин гуфт ӯ бо вазифагузории Пешвои миллат дар Паём бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда мешаванд, ки ин ҳам як ғамхорие барои ҳунармандон аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>