Нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ аз Паём

IMG_20180110_161425 (1)

ГУЛИСТОН. Дар толори осоишгоҳи Баҳористон вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳр бо кормандони осоишгоҳ оид ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.  Ба ҳайати гурӯҳи корӣ муовини раиси шаҳр Оқилзода Ғ, раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён М,  устоди Донишгоҳи давлатии шаҳр Хуҷанд, номзади илмҳои таърих Набиев В.М, мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳмадзода С, мудири шӯъбаи маориф Бобозода М ва мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Мадализода И.Р иштирок намуданд. Дар радифи дигарон Ҷамолиён М.Ғ низ баромад намуда дар бораи нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ, ки аз се самти асосӣ –дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат асту дар Паём ба таври муфассал зикр гардидааст, баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки  дар шаҳри Гулистон низ барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои мазкур чораҳои амалӣ андешида шудааст.  Дар ин самтҳо барномаҳои давлатии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат қабул карда шуда, амалӣ намудани онҳо барои ба мақсадҳои ниҳоӣ расидан ба роҳ монда шудааст. Харидории таҷҳизотҳои кабинетҳои фаннӣ ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ, харидории 136 адад компютерҳо ва таҷҳизот барои 3640 нафар ҷойи нишаст, ҷудо намудани 6 миллион сомонӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои маориф, ки 3 миллион сомониаш аз тарафи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад, барои баланд бардоштани савияи донишандӯзии хонанадагон гардид. Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 69,7 фоизи хатмкунандагон ба Донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуданд. Дар соҳаи тандурустӣ барои харидории таҷҳизотҳои  тиббӣ  ва таъмиру тармими муассисаҳои маориф  1миллиону 839 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда,  амалигардонии ду барномаи асосӣ – “Барномаи тарзи ҳаёти солим” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020” дар шаҳр дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ нақши муассир гузоштанд ва  боиси дарозумрии аҳолии шаҳр гаштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>