Мулоқот бо фаъолони маҳалла

ПАНҶАКЕНТДар асоси нақша чорабинии кумиҷроияи шаҳрӣ бо роҳбарии  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент   М. Шукурзода дар маҳаллаҳои  шаҳр оид ба шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот баргузор гардид.  Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Шукурзода доир ба мӯҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯхбатҳо намуд. Сипас  роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Панҷакент Алишер Амонов дар бораи эълон гардидани «Соли 2018 соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои тундгаро дар назди фаъолони маҳалла сухан гуфт. Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент ин иқдомро бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар идомаи мулоқот оид дастгириҳои Ҳукумат дар соҳаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рӯҳбаланд намудани ҷавонони фаъол, ҷалби онҳо ба сафи ҲХДТ ва корҳои ҷамъиятӣ сухан рафт. Баргузор гардидани чунин мулоқотҳои судманд  оид ба шарҳи Паёми навбатӣ ва дигар мавзӯҳои муҳими рӯз дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>