Омӯзиши Паём

ГУЛИСТОН. Дар кохи “Истиқлол”-и шаҳр вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши Паёми навбатии Президенти кишвар бо роҳбарии раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи Ҷумҳурӣ Қодири Қосим бо кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва аҳолӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр Матлуба Амонзода, Прокурори шаҳр Абдуллозода А.Р,  раиси суди шаҳр Ёдгорзода Н, сардори Раёсати Кумитаи Амнияти Миллӣ дар шаҳр Ҳакимов Х. М, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ Қосимова К.М иштирок намуданд. Вохӯриро раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида, суханро ба роҳбари гурӯҳ Қодири Қосим дод. Мавсуф дар бораи тамоми самтҳои Паём маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла: -  дар бораи  рушд ва дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз Паём то Паём, дар бораи кор бо ҷавонон, дар бораи кор бо соҳибкорон, додани имтиёзҳо ба онҳо, эълон намудани маратория барои тафтиши фаъолияти соҳибкорон, дар бораи эълон шудани “Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”. Сардори Раёсати Кумитаи Амнияти Миллӣ дар шаҳр Ҳакимов Х. М баромад намуда дар бораи вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон, чораҳои андешидашудаистода нисбати пешгирии ҳамингуна ҳодисаҳои номатлуб дар мамлакати мо аз тарафи Ҳукумати ҷу ҳурии Тоҷикистон, нисбати ҳифзи амнияти кишвар ва Истиқлолияти давлатӣ, нисбати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва террористӣ сухан гуфт. Дар охир ба саволҳои додашуда аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>