Саломатии мардум – шарти муҳимтарини пешрафт

ХУҶАНД.Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо ҳамдастии ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои судмандро роҳандозӣ намуда, пазироии хешро аз ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ баён намояд. Чунончи, ҳамин гуна як мулоқоти озоду самимӣ дар МСШ № 2 баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ташкилоти ибтидоии муассисаи мазкур Гулнора Мирзоҳошимова баромад намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ва аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии назди шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Гулчеҳра Аҳророва зимни вохӯрӣ бо ташкилоти номбурда аз дастгирию ғамхории давлат ва Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар нуктаҳои  муҳими Паёмро мавриди баррасӣ қарор доданд: «Ҳукумати мамлакат бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарани пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад». «Ҳамзамон, — таъкиди ин нукта: бо мақсади беҳтар намудани вазъи соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад», — ки дар Паёми навбатӣ омадааст, коркунони соҳаи тандурустиро болидахотир ва рӯҳбаланд гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>