Паёми Пешвои миллат — дастури фаъолияти пурсамар

МАСТЧОҲ. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода ва гуруҳи тарғиботӣ бо роҳбарии Дилафрӯз Саидӣ — директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, мулоқоти судманд бо сокинони ноҳия баргузор гардид, ки ҳадаф аз он ташвиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат барои имрӯзу оянда таъкид гардид. Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода доир ба муҳтавои ҷаласа маълумот дода, меҳмонон ва аъзои ҳайати гуруҳи тарғиботиро муаррифӣ намуд. Раиси ноҳия зимни муқаддимаи кутоҳ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ин навбат низ Президенти кишвар бо муҳаббат ба халқу миллати тоҷик роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандонро нишон дода, барои рушди ҳамаи соҳаҳо дастури мушаххасу муфид ироа карданд. Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърузаи пурмуҳтаво оид ба дастовардҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои бузурги дар Паёми навбатӣ қайдгардида изҳори назар карда, иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат яке аз муҳимтарини асноди рушди мамлакат буда, барои имрӯзу ояндаи беҳтар заминаи устувор мегузорад. Сипас Дилафрӯз Саидӣ — роҳбари гуруҳи тарғиботӣ ва узви ҳайати мазкур Тайиба Бобоева низ оид ба Паёми Пешвои миллат ва нукоти муҳимтарини он андешаҳои худро иброз намуданд. Дар вохӯрии мазкур роҳбарони ҳамаи сохтору ташкилоти ноҳиявӣ, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, уламои дин, зиёиён, намояндагони ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ беш аз 400 нафар сокинони дорои касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>